Верните прежнюю систему перевода денег! Верните нам NGN и доступный Интернет!

0 have signed. Let’s get to 500!


НИЗОМИ ПЕШИНАИ ИНТИҚОЛИ ПУЛРО БАРҚАРОР НАМОЕД!
NGN ВА ИНТЕРНЕТИ ДАСТРАСРО БА МО БАРГАРДОНЕД!
НАРХИ ПАРВОЗҲО ВА ОРДРО ДАСТРАС НАМОЕД!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллов
Ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров
Ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён

Президенти мӯҳтарам,
Мӯҳтарам раисони палатаҳои парлумон,
Мӯҳтарам Раиси Суди Олӣ!
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, ки бо сабабҳои гуногун дар хориҷ аз кишвар кор мекунем ва асоси ин ҳиҷрат набудани кор ва маоши арзанда дар худи кишвар мебошад!
Аз ин рӯ, диққати шуморо ба якчанд ташаббусҳои мақомоти гуногуни Тоҷикистон ҷалб менамоем, ки боиси бештар бад шудани шароити зиндагӣ ва кори садҳо ҳазор нафар шудааст. Гуфта наметавонем, ки Шумо – ҷанобон – аз шароити ба вуҷуд омада комилан бехабар бошед.
Ин иқдомҳо, аз ҷумла ташкили Маркази протсессингии миллии БМТ, ҳазорон нафарро дар ҳолати вазнин қарор дода, ба буҷаи хонаводагии онҳо зарар расонд ва волоияти қонун ва сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлатро зери суол бурд.
Тавре ки муҳокимаҳои оммавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ахбори нашрияҳои сершумори мустақил нишон медиҳанд, ин ташаббусҳо аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ беасосанд. Қонунмандии ин ташаббусҳо шубҳаҳои ҷиддиро дар зеҳни шаҳрвандон ба вуҷуд овардааст. Дар асоси гуфтаҳои боло, мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки барои иҷро шудани пешниҳодҳои зерин мусоидат намоед:
1. Бозгардонидани NGN (IP), ки манъи беасоси он моро аз муоширати дастрас бо аҳли хонаводаҳоямон маҳрум кардааст. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки тамоси так-таки муҳоҷирони кориро ҳама рӯза падару модарон, зану фарзандони онҳо интизор мебошанд. Барои мо бо фарзандонамон тамос гирифтан, ҳадди аққал ба хотири назорати таҳсилоти онҳо ва донистани саломативу мушкилоти онҳо хеле муҳим аст. Муошират бо волидони пиронсол бидуни NGN хеле мушкил шуд, зеро бо ин сифати пасти Интернет, бо пайвандон тамос гирифтан ғайриимкон аст.
2. Низоми куҳнаи интиқоли пулро баргардонед ва садди роҳи ташаббуси пешниҳодкардаи БМТ шавед, ки ин ҳама мушкилро бар умуми мардуми кишвар овардааст. Дар ин рӯзҳо, ҳазорҳо оилаҳо аз имконияти гирифтани кӯмак маҳруманд ва интиқолдиҳандагони пул ба душвориҳои шадид дар кори интиқол рӯ ба рӯ шудаанд. Бояд ин нуктаро дарк намоед, ки барои даҳҳо ҳазор муҳоҷирон ҳатто ба нуқтаи интиқоли пул расидан кори осон нест. Имкони боздошти муҳоҷирон аз сӯи пулис, имкони латукӯбу ғорат ва ҳатто қатл гардидан муҳоҷиронро дар ҳар қадам таҳдид мекунад.
Ҳама бояд дар ёд дошта бошем, ки аз соли 2008 то 2018 мо муҳоҷирон ба Тоҷикистон беш аз 30 миллиард доллар интиқол додаем, дар ҳоле ки ҳаҷми содироти кишвар нав аз марзи 12 миллиард доллар гузаштааст.
Мо хушбахтона ва шарофатмандона ба манфиати оилаҳо ва кишвари худ кор мекунем ва ҳамзамон бар зидди амалҳои касбӣ ва дағалонаи мақомоти давлатӣ, ки моро аз ин имконият маҳрум месозанд, ҳастем;
3. Кушодани бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ бо пайравӣ ба ҳамсоягони мо - Ӯзбекистон ва Қирғизистон. Мутаассифона, нархи хизматрасониҳои ҳавоӣ дар тамоми қаламрави ИДМ дар сатҳи баланд боқӣ мондааст. Ҳамватанони мо маҷбуранд, ки аз кишварҳои ҳамсоя парвоз кунанд ё роҳи дигарро ҷустуҷӯ кунанд. Ва тавре ки таҷрибаи ҳафтаҳои аввали сардиҳо дар Қазоқистон нишон дод, гоҳо ин роҳи осонҷустанҳо барои муҳоҷирони кишвар метавонад ба фоҷеа табдил ёбад. Аён аст, ки рақобат дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ яке аз роҳҳои самаранок ва зудтарини ҳалли ин мушкилии тӯлонӣ аст;
4. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти ғалладона ва хӯроки чорво аз ҳама гуна андозҳо ва пардохтҳо озод карда шаванд. Ин ба муътадилсозии нархҳо дар бозорҳои кишвар ва коҳиш додани шиддати марбут ба болоравии бесобиқаи нархи орд ва гӯшт мусоидат мекунад.
Тоҷикистон дар воқеъ хонаи умумии мост ва некӯаҳволии ҳар як шаҳрванд барои ҳамаи мо муҳим аст!

 

Верните прежнюю систему перевода денег!Верните нам NGN и доступный Интернет!Сделайте цены на авиабилеты и муку доступными!

Президенту Республики Таджикистан Эмомали Рахмону
Председателю Маджлиси милли Маджлиси Оли Махмадсаиду Убайдуллову
Председателю Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Шукурджону Зухурову
Председателю Верховного суда Республики Таджикистан Шермухаммад Шохиён

Уважаемый президент,
уважаемые председатели палат парламента,
уважаемый председатель Верховного суда,
Мы- граждане Таджикистана, оказавшиеся за рубежом по самым разным причинам, главной из которых является отсутствие работы и достойной заработной платы в самой стране, обращаем ваше внимание на несколько инициатив различных органов власти Таджикистана, которые привели к РЕЗКОМУ УХУДЩЕНИЮ УСЛОВИЙ ЖИЗНИ И РАБОТЫ сотни тысяч человек.
Эти инициативы, в числе которых создание так называемого Национального процессингового центра НБТ, поставили тысячи людей в затруднительное положение, ударили по семейным бюджетам, поставили под сомнение верховенство закона и социальную политику руководства страны.
Как показывают общественные обсуждения в социальных сетях и многочисленные независимые публикации, эти инициативы политически и экономически НЕ ОБОСНОВАНЫ. Их законность также вызывает серьезные сомнения. Исходя из вышесказанного убедительно просим вас сделать все возможное, чтобы:
1. Вернуть NGN (IP телефонию), необоснованный запрет которого лишил нас доступной и приемлемой по цене связи с семьями. Просим учесть, что большинство трудовых мигрантов- это отцы и матери семейств. Нам крайне важно быть на связи со своими детьми, хоть так заниматься их воспитанием, и зачастую учебой. Так же стало очень трудным связываться с престарелыми родителями без NGN, так как им приходится пользоваться с не понятными им девайсами и с очень плохим качеством Интернета общаться с родственниками и близкими зачастую просто не возможно.
2. Вернуть прежную систему денежных переводов, а процесс изменений, подобных инициативе НБТ, сделать публичными и обепечить конкуренцию при их редализации. В эти дни тысячи семей нлишены возможности получать помощь, а отправители денежных переводов сталкиваются с большими трудностями. Необходимо учесть, что десяткам тысяч мигрантов не легко добраться даже до пункта перевода денег в стране пребывания.
Нам всем следует помнить, что с 2008 по 2018 годы мы- мигранты перевели в Таджикистан свыше 30 млрд. долларов США, при том, что объём экспорта страны едва превысил 12 млрд. долларов.
Мы рады и с гордостью трудимся во благо наших семей и нашей страны, и вместе с тем мы против того, чтобы непрофессиональные и необдуманные действия государственных структур (макомот) лишали нас этой возможности;
3. Открыть рынок авиаперевозок по примеру наших добрых соседей: Узбекистана и Кыргызстана. Печально, что в нашей стране цены на авиауслуги остаются самыми высокими на всём пространстве СНГ. Наши люди вынуждены летать из соседних стран или искать иные способы. И как показывает опыт первых недель заморозков в Казахстане, это может обернуться трагедией. Очевидно, что конкуренция на рынке авиаперевозок- один из самых эффективных и быстрых способов решения этой многолетней проблемы;
4. Освободить от любых налогов и платежей производителей товарного и кормового зерна. Это послужит стабилизации цен на рынках страны и снимет напряженность, связанную с небывалым подоражанием цен на муку и мясо.
Мы убеждены, что Таджикистан наш общий дом и благополучие каждого гражданина важно для всех нас!